Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон тамоили афзоиши шумори гурезагон ба мушоҳида мерасад ва соли ахир шумори онҳо ба 700 нафар афзудааст.
Зимни семинар дар мавзӯи «Татбиқи меъёрҳои миллӣ ва байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳифзи гурезагон дар ҶТ» директори Маркази ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ, раиси ТҒД «Ҷомеа ва ҳуқуқ» Муаттара Ҳайдарова изҳор дошт, ки ҳарчанд Тоҷикистон асноди байнулмилалии дахлдорро дар ин соҳа ба тасвиб расонида бошад ҳам, масъалаи соҳиб гаштан ба мақоми гуреза дар ҷумҳурӣ то ҳанӯз комилан роҳи ҳалли худро пайдо накардааст. «Яке аз мушкилоти умдаи гурезагон дар кишвари мо - таъмини онҳо бо ҷойи корӣ мебошад», - гуфт ӯ.
Бо истинод ба омори расмӣ номбурда зикр кард, ки шумори гурезагон дар ҷумҳурӣ 1700 нафарро ташкил дода, сафи ҷӯяндагони паноҳгоҳ 245 нафар аст. Зикр гардид, ки аз оғози моҳи декабр салоҳияти кор бо гурезагон аз Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират гирифта шуда, ба Вазорати умури дохилӣ вогузор гашт.
Тибқи маълумоти манбаъ, гурезагони Тоҷикистон асосан шаҳрвандони Афғонистон, Эрон, Ироқ ва давлатҳои Африқо мебошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста