Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни баргузории конфронси илмиву амалӣ коршиносон масъалаи роҳҳои таъмини рушди паррандапарварӣ дар ҷумҳуриро баррасӣ мекунанд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар кори конфронс раҳбарону мутахассисони корхонаҳои паррандапарварии Русия, Украина, Белорус ва Эрон ширкат хоҳанд варзид. «Дар конфронс вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ин бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, дар рӯзи дуввуми конфронс ширкатдорони он аз хоҷагиҳои паррандапарварии «Мурғи ҳилол» ва «Мурғи марҷон»-и ноҳияи Файзобод ва ҳамчунин «Наврӯз»-и шаҳри Ваҳдат боздид хоҳанд кард.
Тибқи маълумоти вазорат, феълан дар Тоҷикистон 18 хоҷагии паррандапарварӣ амал мекунад, ки фаъолияти қисмате аз онҳо соли равон ба роҳ монда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста