Душанбе. 26-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шабакаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон маъракаи иттилоотии шарҳи тартиби дастрас намудани патент ва афзалиятиҳои он барои фаъолияти соҳибкорӣ шурӯъ мешавад.
Тавре аз Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (
IFC
) ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, маъракаи мазкур аз ҷониби корпоратсия дар ҳамдастӣ бо хадамоти андози кишвар, ташкилотҳои
DFID
ва
SECO
созмон дода шуда, ҷиҳати шарҳу тафсири тағйироти воридшуда ба Кодекси андоз дар бораи муттаҳид сохтани се навъи андоз нигаронида шудааст.
Сардори раёсати Кумитаи андоз Хуршед Қосимов мегӯяд, ҷорисозии патент танҳо нисфи кор аст ва барои фаъолияти пурсамари он дар васоити ахбори умум баргузории маъракаҳои итттилоотиии шарҳу тафсир зарур аст.
Ба иттилои манбаъ, се навори видеоии телевизионӣ ва ду сабти радиои шарҳу тафсир таҳия гашта, онҳо дар телевизион қабл ва пас аз барномаи ахбор пахш мегарданд. «Дар фурсати наздиктарин пахши он тариқи радио низ сурат хоҳад гирифт», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки соҳибкории хурду миёна ба афзоиши сармоягузорӣ мусоидат намуда, дар рушду густариши иқтисод нақши муҳим дорад. Дар маҷмӯъ,
IFC
ва хадамоти андози ҷумҳурӣ шаш маводи иттилоотӣ оид ба шарҳу тафсири тағйироти номбурда ва қонун дар бораи тафтиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидориро таҳия намудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста