Душанбе. 29-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Боз 7 муассисаи тиббии Тоҷикистон соҳиби гувоҳномаи байналмилалии «Беморхонаи муносибати некбинона нисбати атфол»» гардиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии кишвар хабар доданд, соли ҷорӣ бемористонҳои марказии ноҳияҳои Ёвон, Шаҳритӯс, Восеъ ва Данғараи вилояти Хатлон, инчунин беморхонаҳои марказии навоҳии Шаҳристону Ғончӣ ва шаҳри Табошари вилояти Суғд ба гирифтани ин сертификат муваффақ шуданд. Ба қавли манбаъ, моҳи декабри соли равон ба бемористонҳои марказии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Спитамен, Ваҳдат барои дуввумин бор тасдиқномаи байналмилалии «Беморхонаи муносибати некбинона нисбати атфол» супорида шуд.
«Феълан 37 бемористони ҷумҳурӣ дорои чунин сертификати ҷаҳонӣ мебошанд», - гуфт манбаъ. Тибқи маълумоти Вазорати беҳдошти мамлакат, соли ҷорӣ дар саросари Тоҷикистон расман 170 ҳазор тифли навзод ба қайд гирифта шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста