Душанбе. 31-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Соли оянда дар чаҳорчӯбаи татбиқи Лоиҳаи ислоҳот ва таҷдиди соҳаи маориф дар шҳри Душанбе ва ноҳияи Восеъ ду макатаби нави замонавӣ сохта мешавад.
Тавре аз Маркази идоракунии лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот баҳори соли оянда шурӯъ гардида, дар пойтахт бунёди мактаб барои 330 нафар ва ноҳияи Восеъ барои 175 нафар хонанда ба нақша гирифта шудааст. «Лоиҳаи сохтмони ин муассисаҳои таълимӣ таҳия гардида, феълан асноди баргузории тендери он омода мешавад», - гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи ислоҳоту таҷдиди соҳаи бахши маориф 143 иншооти соҳа бунёд ё барқарор карда шуд. Лоиҳаи номбурда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва ҳукумати ҷумҳурӣ маблағгузорӣ шуда, ба рушди соҳаи маорифи кишвар нигаронида шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста