Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2009 барои ҳама намуди истифодабарандагон нархи истифодаи газ боло меравад. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз дар хусуси муайян кардани тарофаҳои нави истифодаи газ барои истифодабарандагон қарори вазорат қабул карда мешавад. Тарофаҳои нави дақиқ ҳоло тасдиқ нашудаанд, аммо тибқи маълумоти пешакии КВД «Тоҷикгаз», арзиши истифодаи гази табиӣ барои аҳолӣ метавонад 1000-1100 сомонӣ барои як ҳазор метри мукааб муқаррар гардад. Қобили зикр аст, ки соли 2008 аҳолӣ барои истифодаи 1 ҳазор метри мукааби газ 688,15 сомонӣ (беш аз 198 $) пардохт мекард ва он замон нархи гази воридотӣ аз Ӯзбекистон барои 1 ҳазор метри мукааб ба 145 $ баробар буд.
Ёдрас мекунем, ки тибқи созишномаи аз 31-уми декабр миёни «Тоҷикгаз» ва «Узтрансгаз» имзошуда, соли ҷорӣ Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дар ҳаҷми 530 млн. метри мукааб газ харидорӣ хоҳад кард ва арзиши он барои 1 ҳазор мети мукааб 240 $ муқаррар шуд.
Лозим ба тазаккур аст, ки дар марҳилаи аввал ҷониби Ӯзбекистон барои 1000 метри мукааб 300 $ талаб дошт, вале пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ ба ҳайати Тоҷикистон муяссар гардид, ки арзиши онро ба андозаи 60 $ камтар кунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста