Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ соли ҷорӣ ҳаҷми кӯмакҳои башардӯстонаро коҳиш дода, ба аҳолии камбизоати ҷумҳурӣ қарзҳои бидуни пардохти фоиз пешниҳод мекунад.
Аз намояндагии ин кумита дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки иқдоми мазкур ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми ҷумҳурӣ амалӣ мегардад, зеро шурӯъ аз соли 1993 кумита ба оилаҳои камбизоати кишвар кӯмакҳои башардӯстона мерасонад, вале он ҷиҳати коҳиши мизони камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ самараи дилхоҳ намедиҳад. «Аз ин рӯ, кумита тасмим гирифтааст, ки ба ивази кӯмакҳои башардӯстона акнун ба аҳолии камбизоат қарзҳои бидуни пардохти фоида пешниҳод намояд ва дар муддати 9 моҳи соли гузашта ҳудуди 130 сокини ҷумҳурӣ соҳиби чунин намуди қарзҳо шудаанд», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ аз оғози фаъолият ҳамасола ба ҳисоби миёна ба 10 ҳазор оилаи камбизоат кӯмаки башардӯстона расонидааст.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ахири оморӣ, беш аз 53 дарсади аҳолии ҷумҳурӣ дар ҳоли камбизоатӣ қарор дошта, 17 дарсади тоҷикистониён дар шароити ҳадди ниҳоии қашшоқӣ ба сар мебаранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста