Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Ба сандуқи хайрияе, ки ҷиҳати кӯмак ба мардуми осебдидаи Фаластин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкил намуд, то имрӯз ҳудуди 30 ҳазор сомонӣ (наздик ба 8,5 ҳазор $) ворид гаштааст.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 31-уми декабр дар дафтари кории ҳизб нисбат ба ҳамалоти низомии Исроил бар Фаластин ва ба ҳалокат расидани шумори зиёди фаластиниён ҳамоиши дохилиҳизбии эътирозӣ баргузор шуд, ки дар он беш аз ҳазор фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ дар ҳамоиш раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ амали Исроилро «ҷинояткорона» арзёбӣ намудааст. Дар ҳамоиш қатънома қабул гардид, ки дар он амали Исроил нисбати фаластиниён маҳкум карда мешавад.
ҲНИТ аз давлати Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар сурати минбаъд идома ёфтани ҳамлаҳои низомӣ ба Фаластин аз ҷониби Исроил ба мардуми мусалмони кишвар иҷозат бидиҳад, намоиши эътирозие дар шаҳри Душанбе доир созанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста