Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар чунин назар аст, ки дар соли 2009 вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон додани иродаи сиёсӣ аст. «Дар соҳаи иқтисод он аз озодкунии соҳибкории хурду миёна аз фишори кодекси андоз ва дахолати мансабдорони давлатӣ ба тиҷорат иборат буда, мебояд фаъолияти озодонаи соҳибкориро бар асоси кодекси шаҳрвандӣ таъмин намуд, - гуфт ӯ. – Дар соҳаи сиёсат бошад, гуногунандешӣ дар ҷомеа бояд на маъмурӣ, балки сиёсӣ бошад ва озод кардани қонунгузории интихобот аз маъмурияти ҳукумат дар он аз «вазифаҳои умдатарини сиёсии» давлат дар соли 2009 шуморида мешавад».
Р.Зойиров чунин ибрози назар мекунад, ки дар бахши иҷтимоӣ мебояд таъҷилан қафомонии онро боздошт ва барои ин қабл аз ҳама, зарур аст, ки ин бахшро аз шахсони мансабдори бесалоҳият озод сохта, нуфузи касбро дар он ҳавасманд сохт. «Бо итминони комил гуфта метавонам, ки имконпазир ё ғайриимкон будани амалисозии вазифаҳои зикршуда аз ҷониби ҳукумат нишондиҳандаи салоҳиятнокӣ ва коршоямии он хоҳад буд», - афзуд раиси ҲСДТ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста