Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, зимистони имсола сербарф меояд, вале начандон сард хоҳад шуд.
Тавре муовини директори агентӣ Маҳмад Сафаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барои аввалин бор дар таърихи агентии обуҳавосанҷии кишвар пешгӯии мавсимӣ ба зимистони имсола омода гардида, он ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.
Ба қавли ӯ, мувофиқи пешгӯии мавсимии омодашуда, зимистони имсола чун зимистони соли гузашта сард нахоҳад буд, баръакс, ҳарорат 1-2 дараҷа гармтар аз ҳарорати зимистони маъмулӣ дар Тоҷикистон мешавад. «Ҳарорати пасттарин то 12 дараҷа сардӣ шуда метавонад, вале бориши зиёд дар назар дошта шуда, барфи навбатӣ рӯзҳои 10-11-уми январ пешбинӣ мешавад», - гуфт ӯ.
Номбурда зикр кард, ки дар омодасозии пешгӯии мавсимӣ ба онҳо мутахассисони маркази гидрометереологии Русия кӯмак кардаанд. Қобили зикр аст, ки маркази мазкур бо суперкомпютер муҷаҳҳаз буда, қодир аст дар як сония то миллиард амалиёт анҷом диҳад. «Пешгӯии мавсимии омоданамудаи мо иқдоми нахустин буда, он машваративу омӯзишӣ аст ва 7 рӯзи аввали пешгӯӣ то ба 95-99 дарсад мувофиқу дуруст меоянд, вале пешгӯии минбаъда мумкин аст ба 50-60 дарсад мувофиқ ояд», - изҳор дошт М.Сафаров.
Муовини директори агентӣ ҳамчунин зикр кард, ки мутахассисони тоҷик дар маркази «Росгидромет»-и Русия таҷриба омӯхтанд ва кунун таҷрибаи андӯхтаро дар Тоҷикистон истифода мебаранд. «Агентӣ ният дорад, ахири моҳи феврал пешгӯии мавсимӣ ба фасли баҳорро омода созад», - гуфт дар анҷом М.Сафаров.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста