Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз мутахассисони «Росгидромет»-и Русия, ки ба Душанбе омадаанд, ба насби Маркази ҷадиди коммутатсионӣ шурӯъ мекунанд.
Ба гуфтаи муовини директори Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Маҳмад Сафаров, низоми ҷадид ба беҳбуд бахшидан ва тезонидани раванди қабул ва паҳни маълумоти гидрометереологӣ шароити мусоид фароҳам хоҳад сохт. «Бо насби низоми ҷадид мӯҳлат ва суръати қабулу паҳни маълумот якчанд маротиба тезтар хоҳад шуд, - мегӯяд ӯ. – Низоми мавҷуда дар ҷумҳурӣ иқтидораш хеле заъиф буда, маълумоти гидрометереологӣ дар бораи обуҳаворо хеле дер омода месозад».
М.Сафаров афзуд, ки низоми ҷадид тавассути технологияи компютерии замонавӣ бо кӯмаки Интрнет кор хоҳад кард.
Мутахассисони русиягӣ то ахири моҳ ният доранд, ҳамтоҳои тоҷики худро бо тарзи кори низоми ҷадид омӯзонанд. Маркази мазкур бо дастгирии ҳукумати Швейтсария бо мақсади беҳбуди низоми гидрометереология дар Тоҷикистон насб мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста