Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Шаби гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон миёни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.
Тавре аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона се шаҳрванди афғон ба ҳалокат расиданд. Онҳоро Нозукмеҳр валади Вакил Акбар – сокини шаҳри Имом Соҳиб Сӯфӣ роҳбарӣ мекардааст. «Тибқи маълумоти хадамоти махсуси Тоҷикистон гурӯҳи мазкур тайи муддати тӯлонӣ ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул будааст», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, дар макони задухӯрд 22 кило маводи мухаддири иборат аз 14 кило ҳероин, 4 кило афюн, 4 кило ҳашиш ва автомати навъи Калашников дарёфт шудааст. Миёни марзбонони тоҷик касе зарар надидааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста