Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Исломиддинов дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар масъалаи баланд накардани арзиши барқ барои Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) ҳукумати ҷумҳурӣ дуруст рафтор кард, зеро дастгирӣ накардани ширкате, ки 70 дарсади фоидаи асъори ҷумҳуриро таъмин месозад, аз рӯи мантиқ намебуд.
Ба ақидаи ӯ, дар шароити бӯҳрони молӣ, ки арзиши алюминий дар бозори ҷаҳонӣ бамаротиб коҳиш ёфт, ширкати мазкур табиист, ки бо мушкилоти молиявӣ дучор гашта, ҳаҷми истеҳсолотро коҳиш хоҳад дод. «Ғайр аз ин, ширкати номбурда дар як сол то 7,5 млрд кВт/соат нерӯи барқ истифода мекунад, ки 6,4 млрд. кВт/соати он нерӯи барқи истеҳсоли ватанӣ буда, боқимонда 1,2 млрд. кВт/соат истеҳсоли хориҷӣ аст ва ширкат ба «Барқи тоҷик» танҳо барои нерӯи барқи истеҳсоли ватанӣ маблағ пардохт мекунад», - гуфт ӯ.
Номбурда таъкид сохт, ки он ҷиҳатро ҳам ба назар гирифтан зарур аст, ки пардохти истифодаи нерӯи барқи истеҳсоли хориҷӣ тибқи шартномаҳои мустақилона бастаи ширкати «ТАЛКО» бидуни иштироки ширкати «Барқи тоҷик» сурат мегирад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста