Душанбе. 5-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Олимпиадаи ҳарсола оид ба фанҳои математика, физика ва информатика рӯзи 14-уми январ дар шаҳри Алммато оғоз мегардад.
Тавре аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар он ҳудуди 80 дастаи мунтахаби кишварҳои ИДМ ва ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистонро дар ин олимпиадаи байнулмилалӣ хонандагони синфҳои 9-11-и гимназия-интернат барои кӯдакони лаёқатманди «Ҳотам-ПВ» намояндагӣ хоҳанд кард.
«Олимҷони Пирмуҳаммад, Муҳаммадҷон Шоев, Шоҳин Саъдуллоев, Ҷаҳонгир Рустамзода, Шамсиддин Кабиров, Беҳрӯз Афзалӣ ва Қобил Ҳақназаров аз зумраи хонандагоне мебошанд, ки кишвари моро дар олимпиада муаррифӣ хоҳанд кард», - гуфт манбаъ ва афзуд, ки дар олимпиада инчунин дастаҳои муштараки се литсейи туркиву тоҷикӣ низ ширкат хоҳанд варзид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста