Душанбе . 6- уми январ . ОИ « Азия - Плюс » - Вазорати корҳои хори ҷ ии Ҷ умҳурии То ҷ икистон аз авзои б ӯ ҳронии навори Ғазза изҳори нигарон ӣ мекунад .

           Тавре ба ОИ « Азия - Плюс » аз департаменти иттилооти вазорати мазкур хабар доданд , шиддат гирифтани даргириҳои мусаллаҳона дар навори Ғазза боиси кушта шудани садҳо ва ма ҷ р ӯ ҳ гардидани ҳазорон нафар аҳолии осоишта , аз ҷ умла , к ӯ дакон ва занон шудааст . Ғазза, ки дар ҳолати муҳосира қарор дошт, бар асари даргириҳо метавонад ба фалокати гуманитар ӣ дучор шавад.

           Вазорати корҳои хори ҷ ии Ҷ умҳурии То ҷ икистон таъкиди ақида мекунад, ки мавз ӯ и Ғазза, низои арабу Исроил ва умуман б ӯ ҳрони Ховари Миёна ҳалли низом ӣ наметавонад дошта бошад.

           Аз ин дидгоҳ, Вазорати корҳои хори ҷ ии Ҷ умҳурии То ҷ икистон аз ҳама тарафҳои даргир даъват ба амал меоварад, ки фавран ва бе ҳе ҷ қайду шарт оташбас эълон кунанд ва раванди музокиротро аз сар гиранд.

          Вазорати корҳои хори ҷ ии Ҷ умҳурии То ҷ икистон бо та ҷ диди пуштибон ӣ аз талошҳои миён ҷ игарии кишварҳо ва созмонҳо, ки ба ҳалли мусолиматомези масъалаи Ғазза равона шудаанд, изҳори бовар ӣ менамояд, ки иродаи ҷ омеаи ҷ аҳон ӣ роҳҳои ғайримусолматомези ҳалли ихтилофҳо ва низоъҳоро метавонад истисно кунад.