Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маорифи Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он аз фаъолият дар соли сипаригашта натиҷагирӣ карда шуда, вазифаҳо барои соли ҷорӣ муайян карда хоҳанд шуд.
Тавре котиби матбуотии вазорат Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар кори ҷаласаи ҳайати мушовара беш аз 300 корманди соҳаи маорифи кишвар, аз ҷумла роҳбарони шӯъбаву раёсатҳо ва сарварони чанде аз муассисаҳои таълимӣ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ширкат хоҳанд варзид.
Ба иттилои манбаъ, қабл аз оғози ҷаласа дар бинои вазорати маориф намоишгоҳи дастовардҳои муассисаҳои маориф дар соли 2008 доир мегардад.
Ёдрас мекунем, ки ҳукумати ҷумҳурӣ буҷаи соҳаи маорифи кишварро барои соли 2009 дар ҳаҷми 1 млрд. 139 млн. 446 ҳазор сомонӣ тасдиқ кард, ки он нисбат ба нишондиҳандаи соли пешин қариб ду баробар зиёдтар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста