Душанбе. 7-уми январ ОИ «Азия-Плюс» - Қазоқистон аз ҳисоби қарзи худ дар назди Тоҷикистон ба маблағи 12 млн. $ ба ҷумҳурии мо ба маблағи 5 млн. $ гандум, 4 млн. $ сӯзишвории дизелӣ ва 3 млн. $ сӯзишвории мазут мефиристад. Дар ин бора аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд.
Лозим ба ёдоварист, ки тавофуқ оид ба пардохти қарз зимни мулоқоти сарони кишварҳои Қазоқистону Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи нишасти ғайрирасмӣ дар Қазоқистон ҳосил шуд.
Дар ҳамин ҳол, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» Рашид Гулов зимни шарҳи масъалаи номбурда изҳор дошт, ки қарзи мазкур солҳои 90-уми асри гузашта зимни шартномаи муштарак миёни ширкатҳои «Казахэнерго» ва «Барқи тоҷик» ба вуҷуд омадааст, зеро тӯли ин солҳо Тоҷикистон ба Қазоқистон нерӯи барқ содирот мекард. «Сабаби ба дарозо кашидани масъалаи пардохти қарзи мазкур дар он аст, ки феълан ширкати «Казахэнерго» танҳо дар коғаз вуҷуд дораду халос ва ахиран ҳукумати Қазоқистон ин қарзро эътироф карда, тасмим гирифт, ки аз ҳисоби қарз ба кишвари мо гандум ва сӯзишворӣ мефиристад», - гуфт ӯ ва изҳори боварӣ намуд, ки маҳсулот аввали соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ворид хоҳад гашт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста