Душанбе. 7-уми январ - Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ирсоли номаи расм ӣ ба шаҳрдории Душанбе хостори и ҷ озаи баргузории як тазоҳуроти осоишта рӯзи 23-уми январ ба ҷ онибдории мардуми Фаластин шудааст

Дар ин нома, ҳадаф аз баргузории тазоҳуроти осоишта «эъломи ҳамдил ӣ ва якраъйии ҳизб ва ҷ онибдоронаш ба мардуми Фаластин ва маҳкум кардани амалиёти низомии Исроил алайҳи Фаластин» унвон шудааст. Ҳикматулло Сайфуллозода, масъули бахши таҳлилии ҲНИТ гуфт, «Ҳизби наҳзати ислом ӣ ба унвони танҳо нер ӯ и сиёсии дин ӣ дар қаламрави Осиёи Марказ ӣ вазифаи худ медонад, ки алайҳи куштори аҳол ӣ ва тахриби манозилу дигар иншоот дар қаламрави Фаластин аз с ӯ и нер ӯ ҳои Исроил садо баланд кунад.»

Ҷ амшед Кабиров, сардори ш ӯ ъбаи номаҳо дар шаҳрдории Душанбе гуфт, то кунун номае бо дархости доир кардани тазоҳурот аз с ӯ и Ҳизби наҳзати исломии То ҷ икистон ба дасти онҳо нарасидааст. Ӯ гуфт, бо му ҷ арради расидани нома шаҳрдор ӣ ҳатман дар чаҳорч ӯ би муқаррароти қонун онро баррас ӣ карда, посух хоҳад дод.

Ҳизби наҳзати исломии То ҷ икистон дар охирин р ӯ зи соли гузашта дар қароргоҳи худ як ҳамоиши эътирозиеро алайҳи ҳамалоти ҳавоии Исроил ба навори Ғазза доир карда, хостори қатъи сареъи ҷ анг шуда буд. Вазорати умури хори ҷ аи То ҷ иикистон низ бо нашри як баёния аз тарафҳои даргир даъват кард, ки фавран ва бе ҳе ҷ қайду шарт оташбас эълон кунанд ва раванди музокиротро аз сар гиранд.

Зимнан, дар ду соли пеш дархости мушобеҳи Ҳизби наҳзати исломии То ҷ икистон барои ташкили намоиши эътироз ӣ дар шаҳри Душанбе дар мавриди низоъи Исроилу Лубнон аз с ӯ и шаҳрдории Душанбе рад шуда буд. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.