Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳукумати Тоҷикистон Консепсияи аграрии ҷумҳуриро тасдиқ кард.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, консепсияи мазкур то соли 2020 пешбинӣ шуда, он бо мақсади истифодаи пурмаҳсули захираҳо, ҷойгиркунии оқилонаи истеҳсолоти кишоварзӣ, беҳбуди вазъи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва таъмини корхонаҳои саноати бо ашёи хоми кишоварзӣ таҳия гаштааст.
Бино ба иттилои манбаъ, консепсия ба танзими бозори маҳсулоти кишоварзии кишвар, дастгириву дифоъи истеҳсолкунандаи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми деҳоти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард. «Дар консепсия ба масоили рушди бахшҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, аспппарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, истифодаи оқилонаи захираҳо ва таъмини амнияти ғизоии аҳолии ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир шудааст», - гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки консепсия аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ, Академияи улуми кишоварзӣ ва коршиносони беҳтарини соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ таҳия гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста