Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки рушди Авруосиё рӯи таҳияи лоиҳаи имзои созишномаи муштараки шартҳои фаъолият ва ҳамкорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ кор мекунанд.
Тавре аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ахири моҳи январ мулоқоти нахустини гурӯҳи кории муштарак доир мегардад, ки дар он муқаррароти созишномаи мазкур мавриди муҳокима қарор мегирад.
Қобили зикр аст,ки 11-уми декабри соли 2008 Шӯрои Бонки рушди Авруосиё Тоҷикистону Белорус ва Арманистонро ба узвият пазируфт. Он замон зимни сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода изҳор дошта буд, ки узвияти ҷумҳурӣ ба бонк ба рушду густариши муносибатҳои ҳагиройии кишвар дар минтақаи Авруосиё ва амалисозии тарҳҳои давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. «Аз ҷумла, ҷиҳати амалӣ сохтани қарори ҳукумат дар бораи афзудани ҳаҷми коркарди нахи пахта дар дохили кишвар феълан масъалаи ҷалби сармояи Бонки рушди АвруОсиё ба маблағи 22 млн. доллари амрикоӣ ҷиҳати бунёди корхонаи бофандагиву ресандагӣ дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад», - изҳор дошт раиси БМТ.
Ба иттилои хадамоти матбуоти бонк,
мутобиқи тартиби қабули аъзои нав Шӯрои бонк афзоиши сармояи оинномавиро тавассути эмисссияи иловагии саҳмияҳои бонк маъқул шуморидааст, ки он миёни аъзои нав мувофиқи маблағи ҳиссаи аъзогии онҳо тақсим карда хоҳад шуд. Айни замон сармояи оинномавии бонк ба $1,5 млрд. баробар буда, дар натиҷаи харидории эмиссияҳои иловагӣ ва ҳиссаи пардохти Тоҷикистону Арманистон ва Белорус он ба маблағи $15,6 млн. афзуда хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки Бонки рушди АвруОсиё созмони байнулмилалии молиявӣ буда, бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва густариши равандҳои ҳамгиройӣ дар минтақаи Аврупову Осиё таъсис дода шудааст. Бонки мазкур дар асоси созишномаи байнидавлатии Русияву Қазоқистон соли 2006 бо ташаббуси сарони ин ин кишварҳо таъсис ёфт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста