Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Яке аз аъзои фаъоли равияи «Салафия» Раҳматуллоҳ Раҳматов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар мавриди шарҳи қарори имрӯзаи Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ дар бораи мамнӯъ эълон кардани фаъолияти равияи «Салафия» дар Тоҷикистон чунин изҳори ақида кард, ки «Салафия» созмон ё ҳаракати мушаххасе нест, ки онро мамнӯъ созӣ, балки танҳо як идеология асту халос.
Р.Раҳматов мегӯяд, мазҳаб ва ақидаҳои динии ӯ хилофи қонуну шариат нестанд. Қобили зикр аст, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон қабули қарори мазкурро чун далели ҳифзи сохти конститутсионӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва пешгирии сар задани низоъҳои байнимазҳабӣ маънидод мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, мавсуф аз он изҳори нигаронӣ кард, ки «паҳн кардани адабиёти христианиро касе манъ намесозад», «исмоилиҳову шиаҳо дар Тоҷикистон ҳуқуқи фаъолият доранд, ҳарчанд дар Ироқ шиаҳо муқобили сунниҳо меҷанганд». «Салафияро бошад, ба рӯйхати ҳаракатҳои мамнӯъ ворид сохтанд», - гуфт ӯ.
Номбурда афзуд, ки минбаъд низ дар чаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон амал хоҳад кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста