Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва банақшагирии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Сафар Мамадов изҳор дошт, ки соли равон вазорат кишти пунбадонаро дар 202 ҳазор гектар замин ба нақша гирифтааст.
Ба гуфтаи мутахассис, ҳамасола барои кишти ин зироати стратегӣ тақрибан 260 ҳазор гектар майдони кишт ҷудо мегардид. «Соли ҷорӣ аз ҳисоби заминҳои кишти пахта дар беш аз 50 ҳазор гектар зироатҳои ғалладона, аз ҷумла гандум ва дигар зироатҳо кишт карда мешаванд», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар 253 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронида шуда, бо сабабҳои объективӣ танҳо дар 237 гектари он пунбадона нашъунамо ёфт ва аз нақшаи пешбинишудаи 552 ҳазор тонна пахта ҳамагӣ 351 ҳазору 115 тонна ҳосил ба даст оварда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста