Душанбе. 8-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ дар Русия ҷиҳати расидагӣ ба ҷузъиёти қазияи муҳоҷирони тоҷик ба ҷои ҳодиса – шаҳри Аштархон рафтаанд.
Тавре сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, воқеъан аз 26-уми декабр то кунун дар шӯъбаи умури дохилӣ дар нақлиёт дар ҳамдастӣ бо кормандони назорати гумруки истгоҳи «Ақсарай»-и вилояти Ашатрхони Русия бо далели ҷой доштани тамғаҳои қалбакии убури марзи давлатӣ ба мӯҳлати се моҳ нисбат ба мусофирони қатораҳои хатсайри Маскав-Душанбе ва Маскав-Кӯлоб, шаҳрвандони Тоҷикистон 23 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ба иттилои масъулини шӯъбаи умури дохилии вилояти Аштархон, нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар рӯйхати пешакӣ 12 нафар сабт шудаанд, тафтишот ҷараён дорад, вале онҳо ба ҳабс гирифта нашуда, дар озодӣ қарор доранд. «Ғайр аз ин, нисбат ба 10 шаҳрванди кишвари мо феълан ҷиҳати боз кардани парвандаи ҷиноӣ мавод омода мегардад ва пас аз анҷоми корҳои тафтишотӣ парвандаҳо барои моҳиятан баррасӣ намудан ба додгоҳи вилояти Аштархон фиристода хоҳанд шуд», - таъкид сохт Д.Назриев.
Д.Назриев изҳор дошт, ки айни замон дар Аштархон намояндагони Вазорати умури дохилии ҶТ дар ҳамдастӣ бо мақомоти салоҳиятдори Русия ҷиҳати ба ватан фиристодани шаҳрвандони тоҷик чораҳои зарурӣ меандешанд. «Мо вазъро то ахир пайгирӣ хоҳем кард, зеро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазорати умури хориҷии кишвар – дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат аст», - афзуд ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста