Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Агентии давлатии ҳифзи и
ҷ
тимо
ӣ
, шуғли аҳол
ӣ
ва муҳо
ҷ
ирати Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо раёсати агентии пойтахт 13-уми январи соли
ҷ
ор
ӣ
соати 8 дар Кохи «Ориёно»-и пойтахт ярмаркаи
ҷ
ойҳои кори хол
ӣ
баргузор менамояд.
Тавре муовини аввали Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Анвар Бобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ба хоҳишмандон дар корхонаву муассисаҳои ватанӣ, сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва бунёду таъмири роҳҳо беш аз 13 ҳазор ҷойи кории холӣ пешниҳод мегардад.
Ба гуфтаи ӯ, шумори бекорони дар агентии мазкур бақайдгирифташуда феълан 46 ҳазору 200 нафарро ташкил медиҳад. «Соли гузашта дар маҷмӯъ 104 ҳазор ҷойи кории холӣ пешниҳод гардида, мо 25 ҳазору 820 нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро бо ҷойи корӣ таъмин намудем», - гуфт ӯ.
Аз агентӣ ҳамчунин иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз баргузории ярмарка коҳиши сафи бекорон дар ҷумҳурӣ ва андешидани чораҳо ба бозгашти муҳоҷирон бинобар бӯҳрони молӣ аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста