Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Соли 2008 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 17 млрд. 609 млн. сомонӣ (5 млрд. 134 млн. $) баробар шуд, ки дар муқоиса бо нишодиҳандаи соли 2007 ба андозаи 7,9 дарсад бештар аст. Маҷмӯи маҳсулоти дохили ба ҳар сари аҳолӣ соли 2008 нисбат ба соли пешин ба миқдори 35,3 дарсад афзуда, муодили 697 $ шуд.
Тавре имрӯз дар ҷаласаи васеъи ҳайтаи мушовараи вазорат вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода хабар дод, соли 2008 ба ҷуз соҳаи саноат, дар дигар соҳаҳои иқтисодӣ рушду тавсеъа ба мушоҳида расидааст. «Дар бахши кишоварзӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 7 млрд. 807 млн. сомонӣ (7,9 дарсад бештар аз нишондиҳандаи соли 2007), муомилоти савдои чакана 4 млрд. 33 млн. сомонӣ (13,5 дарсад бештар) ва муомилоти савдои хориҷӣ бо кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур 4 млн. 676 (16,5 дарсад бештар) доллари амрикоиро ташкил дод», - гуфт ӯ.
Дар кори ҷаласаи ҳайати мушовара нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, раҳбарони вазорат ва идораҳои ҷумҳурӣ ва ҳамчунин намояндаи Дастгоҳи президенти кишвар иштирок карданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста