Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар нишасти хабарӣ сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Сафар Маҳмадиев ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки соли равон кишоварзони тоҷик истеҳсоли маҳсулоти ғалладонаро то 1 млн. тонна расониданианд.
Ба қавли ӯ, соли гузашта ҳаҷми таъмини аҳолӣ бо орди гандум 52,3 дарсадро ташкил додааст ва ин дар ҳолест, ки соли 2007 ин нишондиҳанда ба 46 дарсад баробар буд.
Тибқи маълумоти вазорати кишоварзӣ, соли гузашта аз маҳсулоти ғалладона 943 ҳазор тонна ҳосил гирифта шуд, ки 760 ҳазор тоннаашро гандум ташкил дод. «Соли равон дар натиҷаи зиёд кардани майдони кишти зироати тирамоҳӣ дар заминҳои обӣ (170 ҳазор гектар) ва афзудани ҳаҷми кишти такрорӣ (160 ҳазор гектар) кишоварзон ният доранд, ҳосили хубу дилхоҳ ба даст оранд», - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи Маҳмадиев, феълан дар ҷумҳурӣ талаботи аҳолӣ ба орд 1 млн. 260 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста