Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2007 ба андозаи 4 дарсад коҳиш ёфт.
Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовара вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки соли 2008 дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ба маблағи 5 млрд. 905 млн. сомонӣ (1,712 млн. $) маҳсулоти саноатӣ тавлид гаштааст.
Дар шарҳи коҳиши истеҳсолот дар соҳаи саноат Ғ.Бобозода гуфт, ба чунин вазъ бӯҳрони энергетикии аввали соли 2008 боис гаштааст, зеро он замон аксари корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмонда, кормандон ба рухсатии меҳнатӣ фиристода шуда буданд.
«Соли 2008 бар асари бӯҳрони энергетикӣ аз 781 корхонаи саноатӣ танҳо 465 корхона пурра фаъолият намуда, дар 233 корхона ҳаҷми истеҳсолот коҳиш ёфт ва 93 корхона умуман аз фаъолият бозмонданд», - таъкид сохт вазир ва афзуд, ки соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли алюминий, пахта ва семент ба таври назаррас кам шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста