Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» -
Ҳафтаи гузашта сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Сафар Маҳмадиев зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аз 140 млн. сомонии дар доираи амалисозии механизми нави маблаггузорӣ ба хоҷагиҳои пахтакор ҷудогардида, беш аз 35 млн. сомонӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ баргардонида шудааст. Ӯ қайд кард, ки вазорат ахири соли гузашта аз ҳукумат дархост кардааст, ки то анҷоми фурӯши маҳсулот, ки моҳи майи соли ҷорӣ пешбинӣ мешавад, ба афзоиши фоизи қарзҳо роҳ надиҳад.
Ба қавли номбурда, унвонии ҳукумат вазорат шаш пешниҳод ирсол намудааст, аз ҷумла дароз кардани мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор аз фючеристҳо то соли 2021, ки ба санаи 1-уми январи соли 2008 дар ҳаҷми 488 млн. $ аст ва пурра аз байн бардоштани қарзҳои дохилии ин хоҷагиҳо ба маблағи 195 млн. сомонӣ. «Алҳол мо аз ҳукумат посухе нагирифтаем, вале мутмаинем, ки пешниҳоди мо дастгирӣ хоҳад шуд», - гуфт Маҳмадиев.
Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Тоҷикистон моҳи январ 110 млн. сомонӣ ва апрели соли гузашта боз 30 млн. сомонӣ ба хоҷагиҳои пахтакор маблағи қарзӣ ҷудо намуд. Маблағи мазкур бо фоизи пардохти 18 дарсад миёни бонкҳои ҷумҳурӣ - ҶСП «Тоҷпромбонк», ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» тақсим гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста