Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нишасти матбуотӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов изҳор дошт, ки вазорат ният дорад, соли ҷорӣ маълумоти миёнаи 11-соларо ҳатмӣ эълон намояд.
Ба гуфтаи ӯ, сарвари давлат ин пешниҳодро дастгирӣ кардааст ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Сарқонуни ҶТ дар бораи таълими ҳатмии 11-сола дар назар аст. «Танҳо соли гузашта пас аз хатми синфи нӯҳум 27 ҳазор нафар духтарон аз таҳсил барканор монданд, ки ин 39 дарсад аз шумораи умумӣ мебошад», - гуфт ӯ.
А.Раҳмонов мегӯяд,
бо назардошти ба муассисоти тълимии ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дохилл гаштани духтарон ба миқдори 15 дарсад, ба хулосае омадан ммукин аст, ки шумораи боқимондаи онҳо аз маълумоти миёнаи пурра бархӯрдор нахоҳанд буд. «Волидайн бо истифода аз Сарқонуни ҷумҳурӣ дар бораи таълими ҳатмӣ то синфи 9 духтаронро ба идомаи таҳсил иҷоза намедиҳанд», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, вазир норасоии ҷойи нишаст дар макотиби таҳсилоти умумии кишварро таъкид сохта, аз соҳибкорону сарпарастон дархост кард, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дасти ёриву мадад дароз намоянд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста