Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Сардори раёсати чорводор ӣ , паррандапарвар ӣ , моҳипарвар ӣ ва занб ӯ риасалпарварии Вазорати кишоварзии ҷ умҳур ӣ Музафар Мирзоев хабар дод, ки соли равон дар кишвар Иттиҳодияи паррандапарварон таъсис дода мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин хусус моҳи декабри соли гузашта зимни баргузории конфронси байнулмилал ӣ дар Душанбе бо иштироки коршиносони Русияву Украина ва Эрон тавофуқ ҳосил гардида буд. «Дар доираи тавофуқи ҳосилшуда шурӯъ аз моҳи март дар 3-4 корхонаи паррандапарварии кишвар таҷҳизоти нави замонавӣ насб хоҳад гардид, зеро сарфи назар аз барқарор сохтани фаъолияти 20 корхонаи паррандапарварии аз собиқ шӯравӣ меросмонда, онҳо ба технологияву таҷҳизоти нав эҳтиёҷ доранд», - гуфт ӯ.  

М.Мирзоев зикр кард, ки соли 2008 корхонаҳои паррандапарварии кишвар 71 млн. 928 дона тухм истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо соли пешин 35 млн. дона бештар аст.