Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, соли 2008 дар ҷумҳурӣ 112 бонк ва муассисаи қарзӣ амал мекард, ки ҳаҷми умумии қарзҳои хурд ва кӯтоҳмудддати додаи онҳо ба андозаи 57 дарсад афзудааст.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки барои таъмини рушди бахши кишоварзӣ ва саноат пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат бо фоизи нисбатан пасттар зарур аст. Ӯ мегӯяд, қарзҳои мӯҳлати пардохташон як солро метавон танҳо дар соҳаи тиҷорат истифода бурд.
Дар мавриди коҳиши мизони истеҳсолот дар соҳаи кишоварзиву саноати ҷумҳурӣ ва боло рафтани нархи истифодаи газу барқ Ш.Шабдолов чунин ибрози назар кард, ки чунин вазъ маҳсулоти воридотиро рақобатнопазир хоҳад сохт. «Вазъи мавҷуда ба он мусоидат хоҳад кард, ки маҳсулоти воридотӣ ҳарчи бештар бозорҳои дохилии моро фаро гирифта, тавозуни манфии муомилоти хориҷии ҷумҳурӣ бошад, аллакай аз 1 млрд. $ гузаштааст», - афзуд ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста