Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Тоҷикистон миёни бист кишвари ҷаҳон, ки ба ҳар сари аҳолӣ миқдори зиёдтарини истифодаи об рост меояд, мақоми 16-умро ишғол менамояд. Дар ин хусус дар гузориши вазорати захираҳои табиати Русия маълумот дода шудааст.
Тибқи маълумоти гузориш, сокинон бо об аз ҳама бештар дар кишварҳое чун Канада, Норвегия ва Зеландияи Нав таъмин гаштаанд. Мувофиқи ҳисоби ҳаҷми оби нӯшокӣ ба ҳар сари аҳолӣ, нишондиҳандаи ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ 5 ҳазору 418,3 метри мукааби обро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон ин нишондиҳанда ба 10 ҳазору 469 метри мукааб ба ҳар сари аҳолӣ рост меояд.
Рӯйхати бист давлати дорои захираҳои фаровони оби нӯшокӣ ба ҳар сари аҳолӣ ба тариқи зайл аст: Канада – 90104, Норвегия – 83735, Зеландияи Нав – 81562, Чили – 56042, Боливия – 34490, Бразилия – 30680, Русия – 29944, Австралия – 24747, Финландия – 20466, Шветсия – 19017, Конго – 16932, Ангола – 13607, Индонезия – 13220, Ирландия – 12045, Гурҷистон – 11315, Тоҷикистон – 10469, ИМА – 9628, Словакия – 9524, Эстония – 9423 ва Қирғизистон – 9105 метри мукааб ба ҳар сари аҳолӣ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста