Тавилдара 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Шурӯъ аз субҳи имрӯз интиқоли нерӯи барқ ба ноҳияи Тавилдара қатъ гардид.
Тавре роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳия Аҳлиддин Каримов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ба иллати набудани алоқа алҳол бо намояндагони масъули ширкати «Барқи тоҷик» тамос гирифтан имконнопазир аст, то ҷиҳати ҳалли мушкилот чораҷӯӣ карда шавад.
А.Каримов қайд кард, ки дар ноҳия 5 нерӯгоҳи барқии хурд бо иқтидори 15-16 кВт/соат амал мекунанд, ки барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти ноҳия басанда нест. «Дар деҳаҳои Чашмаи Кабуд ва Қаранаку Шоҳкаҳак бо дастгирии Корпуси шафқат ва Барномаи рушди СММ нерӯгоҳҳои хурд бунёд ёфтаанд», - гуфт ӯ.
Раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳия ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар деҳаҳои Муридон ва Таги Ағба аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои худ нерӯгоҳҳои хурд бунёд намудааст, ки дар мавсими зимистон дар деҳаи аввал 25 оила ва дар деҳаи дуввум 8 олиаро бо нерӯи барқ таъмин месозанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста