Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Шаҳрдории Душанбе ба дархости Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон дар мавриди баргузор кардани як тазоҳуроти осоишта ба нишони эътироз аз амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза посухи рад додааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси ҳизб - Ҳикматулло Сайфуллозода хабар дод, чанд рӯз қабл ба дафтари ҳизби онҳо дар робита ба ин мактубе аз ҳукумати шаҳри Душанбе бо имзои муовини аввали раиси шаҳр - Абдусаттор Сулаймонов ворид гардидааст. «Дар нома гуфта мешавад, ки ҳизби мо гӯё чанде аз муқаррароти қонун дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоиштаро иҷро накардааст», - гуфт ӯ. Посухи шаҳрдории Душанбе феълан аз сӯи роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, 7-уми январ Ҳизби наҳзати исломӣ бо ирсоли номаи расмӣ аз шаҳрдории Душанбе хост, ки барои баргузории як тазоҳуроти осоишта ба ҷонибдории мардуми Фаластин иҷозат диҳанд. Бояд гуфт, Исроил инак 3 ҳафта мешавад, ки бо истифода аз техникаи ҷангӣ ва пиёданизом дар навори Ғазза амалиёти низомӣ мебарад. Тайи ин муддат зиёда аз ҳазор фаластинӣ ва 13 исроилӣ кушта шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста