Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун охири соли ҷорӣ оғоз ёфта, ду агрегати навбати аввали он пас аз 3-4 сол ба истифода дода мешавад.
Қобили таъкид аст, ки барои идомаи сохтмони ин иншооти азим соли 2008 бори аввал аз даврони истиқлолият аз буҷети давлатии Тоҷикистон 50 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо карда шуд ва соли 2009 боз 150 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда хоҳад шуд.
Ҳоло дар сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун даҳҳо ташкилоти сохтмонӣ фаъолият мекунанд, ки наздики 2800 нафар коргар доранд. Барои вусъат додани ҳамаи корҳо дар нерӯгоҳ 241 адад техникаи нави ҳозиразамон харидорӣ шудааст, ки аз он 100 -
тоаш мошинҳои пуриқтидори боркаши БелАз аст. Ҳамчунин 40 адад мошинҳои боркаши МАЗ, 20 мошини бетоншӯрии МАЗ, 10 – тогӣ булдозер, экскаватор ва автокранҳои пуриқтидор, 10 мошини махсуси корҳои даруни тунел,
насосҳои обкаш,
компрессорҳо ва бисёр техникаю таҷҳизоти махсуси нав машғули кор мебошанд.
Баҳри ҳамаи техникаи нави харидоришуда барои ду соли оянда маводи сӯхту молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ захира шудааст. Ширкату корхонаҳои хориҷии БелАз, МАЗ,
Катерпилер ва Ҳундай, ки техникаю таҷҳизоташон дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун истифода мешаванд, баҳри таъмини кори бенуқсони мошинҳояшон дар Тоҷикистон намояндагии худро кушодаанд ва бо масъулону мутахассисони тоҷик ҳамкории наздик доранд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста