Душанбе. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Арзиши сабади истеъмолӣ дар кишвар ба охири соли гузашта ба як узви оила дар як моҳ 88,1 сомонӣ ва дар сурати меъёри ратсионалии истеъмол 174,46 сомониро ташкил дод.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар соли 2008 индекси нарҳои истеъмолӣ 111,8 дарсад, аз он ҷумла, ба молҳои озуқа – 113,0, молҳои ғайриозуқа – 105,5 ва ба хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ - 120,6 дарсадро ташкил кард.
Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар сектори истеъмолӣ 0,98 дарсадро ташкил дод. Соли гузашта нархҳо ба молҳои ғайриозуқа – 5 ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 20,6 дарсад боло рафтааст. Пардохти истифодаи нерӯи барқ – 2 баробар, гази шабакавӣ - 38,9, чиптаҳои ҳавопаймо – 3,6, чиптаи нақлиёти роҳи оҳан – 17,9, хизматрасонии автомобили мусофирбарӣ - 14,4, хизмати алоқа – 2,5 ва хизматрасонии муассисаҳои кӯдаконаи томактабӣ - 10,4 боло рафтааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста