Хуҷанд. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Аввали моҳи феврали соли равон дар роҳҳои мошингарди вилояти Суғд хизматгузории таксиҳои олмонии навъи «Опел» ба роҳ монда мешавад. Як миқдор аз ин навъи мошинҳоро ҶСК «Сорбон»-и шаҳри Хуҷанд дастрас кардааст.
Тавре директори ширкати «Сорбон» Абдуаҳад Шарипов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, 10 адад чунин навъи мошин бо дастгирии Бонки таҷдиду рушди Аврупо ва қарзи кӯтоҳмӯҳлати бонки «Эсхата» аз Эстония харидорӣ шуда, пас аз гузаштан аз назорати гумрукӣ ба ширкат оварда шуданд.
Айни замон мошинҳо ба қайди давлатӣ гузошта шуда, ҷиҳати реклом ва додани ранги мувофиқ ба онҳо бо ширкатҳои рекломдеҳ гуфтушунид идома дорад. «Агар нақшаҳо муваффақона амалӣ гарданд, мо ояндаи наздик ният дорем, 70 автобуси мусофирбари навъи «Мерседес-Спринтер»-и истеҳсоли Олмонро низ харидорӣ намоем», - афзуд А.Шарипов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста