Душанбе. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Соли гузашта тавассути ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон беш аз 47 млн. 381,9 ҳазор тонна бор ҳамлу нақл карда шуд, ки дар муқоиса бо соли пешин 7,7 дарсад зиёдтар мебошад.
Соли 2008 даромади КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз ҳамлу нақли мусофирон ба 95 млн. 150 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2007 ба миқдори 24 млн. бештар аст. Дар нишасти матбуотӣ сардори корхона Амонулло Ҳукуматулло изҳор дошт, ки соли 2008 хароҷоти ҳамлу нақли мусофирон дар роҳи оҳан 118 млн. 937 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки дар қиёс бо соли 2007 ба миқдори 23 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад. «Мо хароҷоти ҳамлу нақли қатораҳои мусофирбарро аз ҳисоби кашонидани бор рӯйпӯш менамоем», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи А.Ҳукуматулло, агар хоҷагии нақлиёти роҳи оҳани мусофирбар дар натиҷаи таҷдиди сохтори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мустақил гардад, он чун дар кишварҳои дигар фоидаовар нахоҳад буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста