Кӯлоб. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Соли ҷорӣ қисми даромади буҷаи шаҳри Кӯлоб дар ҳаҷми умумии 14 млн. 975 ҳазору 412 сомонӣ тасдиқ гардида, қисми хароҷоти он бо назардошти воридоти маблағҳо аз буҷаи ҷумҳуриявӣ 27 млн. 441 ҳазору 32 сомониро ташкил хоҳад дод, ки он дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли 2008 мутаносибан ба андозаи 65 ва 47 дарсад зиёдтар буда, гувоҳи афзалиятнокии самти иҷтимоии буҷа аст.
Тавре сардори раёсати молияи ҳукумати шаҳр Бахтиёр Назаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли ҷорӣ ба соҳаи маориф 15 млн. 348 ҳазору 244 сомонӣ ё худ 56 дарсад зиёдтар маблағ нисбат ба соли гузашта ҷудо карда мешавад. «Ба соҳаи тандурустӣ 5 млн. 650 ҳазору 130 сомонӣ (20 дарсад бештар нисбат ба соли 2008) ихтисос дода шуда, бори нахуст маблағгузорӣ барои рушди фарҳанг ба нишондиҳандаи миллион сомонӣ наздик мешавад», - гуфт ӯ.
Б.Назаров ҳамчунин афзуд, ки ба соҳаи сохтмон ба таври иловагӣ 1 млн. 250 ҳазор сомонӣ ва рушди нақлиёти заминӣ ва коммуникатсия 450 ҳазор сомонӣ маблағ равона мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста