Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Дар солҳои истиқлолияти То ҷ икистон дар кишвар 710 мактаби нави таҳсилоти умум ӣ сохта, ба истифода дода шуд. Танҳо соли 2008   34 мактаби таҳсилоти ҳамагон ӣ аз таъмир бароварда шуда, дар назди 77   - тои дигар 310 синфхонаи иловаг ӣ бунёд ёфт.

Бо ҳидояти Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон барои дар хори ҷ а хонондани беҳтарин хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагон ӣ ва литсею гимназияҳо фонди махсус таъсис дода шудааст, ки ҳа ҷ ми маблағҳои он дар соли 2009 нисбат ба соли 2008 ду баробар афзуда, ба 5 миллион сомон ӣ мерасад.

Ғайр аз ин дар 10 кишвари ҷ аҳон дониш ҷ ӯ ёни беҳтарини то ҷ ик бо бурсияҳои худи ин давлатҳо ба таври ройгон таҳсили илм мекунанд.

Маблағгузории соҳаи маориф аз 1,5 миллион сомонии соли 1995 дар соли 2008 аз ҳамаи манбаъҳо ба 690 миллион сомон ӣ расид ва соли оянда барои эҳтиё ҷ оти ин соҳа сарфи 1 миллиарду 140 миллион сомон ӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 1995   33 маротиба зиёд аст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

Ёдрас мекунем, ки феълан дар Тоҷикистон 3 ҳазору 810 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунад.