Хуҷанд. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Нерӯгоҳи обию барқии Қайроққум шоми имрӯз бо тамоми иқтидораш ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ хоҳад кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Қайроққум - Раҳмат Бурҳонов иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳ 18-уми январ ба анҷом расида, аз 6 агрегати мавҷуда 5-тоаш пурра ба кор дароварда шуд. «Бо ба кор оғоз кардани чархаи 6-ум, нерӯгоҳи Қайроққум шабонарӯзӣ 2 миллиону 200 ҳазор киловатт соат барқ истеҳсол хоҳад кард», - гуфт Бурҳонов.
Хотиррасон мекунем, шаби 14-ум ба 15-уми январ дар натиҷаи зери об мондани таҳхонаи нерӯгоҳи Қайроққум вазъи садамавӣ ба амал омад, ки боиси комилан манъ гардидани истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳ гардид. Нерӯгоҳи обию барқии Қайроққум беш аз 30 дарсади аҳолии вилояти Суғдро бо барқ таъмин мекунад.
Бо вуҷуди ба кор даромадани нерӯгоҳи обию барқии Қайроққум, вазъи таъминоти аҳолӣ бо барқ дар вилояти Суғд ҳамчунон нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ширкати «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд хабар доданд, 17-уми январ истифодабарандагони маҳаллӣ бо 5 миллион киловатт соат ва рӯзи гузашта бо 4 миллиону 330 ҳазор киловатт соат нерӯи барқ таъмин гардиданд. Ин дар ҳолест, ки талабот ба барқ дар ин фасли сол дар вилоят, дар як шабонарӯз 14-15 миллион киловатт соат ва бо назардошти реҷаи маҳдуд 7-8 миллион киловатт соатро ташкил медиҳад.
Имрӯзҳо нерӯи барқ ба шаҳри Хуҷанд 2 соат пагоҳӣ ва 3 соат шомгоҳӣ ва ба дигар шаҳрҳои вилоят 1- соати субҳ ва шом интиқол мегардад. «Реҷаи интиқоли барқ ба ноҳияҳои дигари вилоят аз ин ҳам маҳдудтар аст», - гуфт манбаъ ва афзуд, ки иншооти махсусан муҳими вилоят мунтазам бо нерӯи барқ таъмин мегарданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста