Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Оператори алоқаи мобилӣ - ширкати
«Низоми радиоии Украина» (тамғаи тиҷоратии
Beeline
) дар қаламрави Тоҷикистон хизматгузории
GPRS
-роуминг ҷорӣ кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти ин ширкат хабар медиҳад.
Муштариёни оператори Украина бо хизматгузории
GPRS
-роуминг аз шабакаи оператори мобилии «Таком» истифода бурда метавонанд. Ширкати «Таком» дар қаламрави ҷумҳурии мо таҳти тамғаи тиҷоратии
Beeline
хизматгузории алоқаи мобилиро пешниҳод менамояд.
Шабакаи
Beeline
дар Тоҷикистон аз рӯи меъёри GSM 900/1800 ва UMTS 2100 хизматгузории алоқаро ба роҳ мондааст.
ҶСК «Низоми радиоии Украина» - оператори миллии алоқаи мобилии меъёри GSM-900/1800 буда, 100 фоиз чун ширкати фаръӣ ба ҶСК «Вимпелком» таааллуқ дорад ва хизматгузориашро дар Украина таҳти тамғаи тиҷоратии
Beeline
аз моҳи апрели соли 2006 ба роҳ гузоштааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста