Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Олимони Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон бар чунин назаранд, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дар қатори терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ба амнияти миллӣ ва иқтисоди ҷумҳурӣ хатари ҷиддӣ дорад. Чунин ақидаи олимонро чанде қабл директори ин марказ Сӯҳроб Шарипов изҳор намуд.
С.Шарипов гуфт, бар асари бӯҳрон нархи маҳсулоти содиротии кишвар ним баробар коҳиш ёфт ва мутаносибан даромади кишвар низ аз содирот кам шуд. «Гузашта аз ин, баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвар, ки дар хориҷа ҷойи корро аз даст додаанд, ногузир ҷомеаро ба мушкилот мувоҷеҳ хоҳад сохт», - гуфт ӯ.
Номбурда чунин ибрози ақида намуд, ки ҷиҳати пешгирии бӯҳрони иҷтимоӣ мебояд дар сатҳи давлатӣ механизми соддаи тақсимоти замин таҳия гардида, эҷоди монеъаҳо дар соҳаи роҳандозии тиҷорат бартараф карда шавад. «Аксари муҳоҷирони меҳнатӣ бо маблағи муайяне бармегарданд ва дар сурати муҳайё сохтани шароити зарурӣ, онҳо метавонанд ин маблағро дар бахши воқеъии иқтисод, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои хурд, фаъолияти тиҷоратӣ ва бахши кишоварзӣ истифода намоянд», - таъкид дошт С.Шарипов.
Ба гуфтаи ӯ, олимони марказ бар асари бӯҳрони молиявӣ бозпас гаштани ҳудуди 30 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ, яъне тақрибан 200 ҳазор нафарро
пешбинӣ мекунанд.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори кишвар, феълан дар Тоҷикистон шумораи бекорони расман сабтшуда ҳудуди 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста