Душанбе. 20-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Бо истинод ба вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, ки сохтори мазкур барои татбиқи нақшаи чораҳои коҳиш додани таъсири бӯҳрони молиявӣ масъул хоҳад буд.
С.Наҷмиддинов изҳор доштааст, шароити номусоид дар бозори молиявӣ ба тағйирот дар буҷа ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ боис нахоҳад шуд ва иҷрои буҷаи давлатӣ бо афзоиш ба иҷро хоҳад расид.
Вазир зикр кард, ки айни замон афзоиши захираҳои дохилии молиявӣ ва асъории бонкҳо ба қадри зарурӣ таъмин мегарданд ва созмонҳои байнулмилалии молиявӣ вазъи молиявӣ, сиёсати буҷавиву андоз ва пуливу қарзии ҷумҳуриро ба таври мусбат арзёбӣ менамоянд. «Бо назардошти вазъи бӯҳрон соли ҷорӣ сиёсати буҷаи давлатӣ ба таъмини амнияти энергетикӣ, раҳо гаштан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти ғизоӣ ва беҳбуди некӯаҳволии мардум нигаронида шуда,бо ин мақсад «Фонди устуворгардонӣ (стабилизатсионӣ)» ташкил карда мешавад», - гуфт С.Наҷмиддинов.
Вазир афзуд, ки мӯҳлати пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ба бонкҳо
то моҳи марти соли 2009 дароз карда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста