Кӯлоб. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳамагӣ 30 дарсади манзили зисти шаҳри Кӯлоб ба рӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 омода аст.
Тавре директори корхонаи фаръии байниноҳиявии барӯйхатгирии техникии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналии»-и Кӯлоб Абдухолиқ Лоиқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, корхонаи мазкур ҳанӯз соли 2007 ба кори ба тартиб овардани ному шумора ва дигар нишондодҳои кӯчаву хонаҳо шурӯъ кардааст, вале бо имконоти худ танҳо аз ӯҳдаи таҳқиқи ҳамагӣ 164 манзили зисти аз 4 то 9-ошёна баромадааст. «Дар шаҳр боз 8010 адад манзили зисти шахсӣ ба қайд гирфта шудааст ва чун корхонаи мо мустақилу худмаблағгузор аст, мо барои доир сохтани чунин кор маблағи кофӣ надорем», - гуфт ӯ.
А.Лоиқов мегӯяд, маблағи кори иҷрокардаи корхона ба 42 ҳазору 858 сомонӣ арзёбӣ шудааст, вале то ҳанӯз ҷиҳати пардохти маблағи мазкур ба корхона касе шитоб надорад, ҳарчанд барои ин кор маблағи зарурӣ дар ҳукумат ҷудо гардидааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста