Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз аз нашри шумораи нахустини рӯзномаи Asia-Plus 9 сол пур шуд. «ASIA-Plus» оҷонсии иттилоотии мустақили Тоҷикистон мебошад. Дар Вазорати адлияи ҶТ соли 1995 ба қайд гирифта шудааст.
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2000 Вазорати фарҳанги ҶТ ҳафтаномаро рӯзномаи беҳтарини иттилооти зудрас ва мӯътамад номид ва соли 2001 он ба ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Имрӯз ҳафтаномаи «ASIA-Plus» аз рӯи адади нашр ва нуфуз дар ҷомеа миёни нашрияҳои русзабони Тоҷикистон устуворона мақоми аввалро соҳиб аст. Аз моҳи январи соли 2006 барои ронандагону дӯстдорони автомобил замима ба ҳафтанома таҳти унвони «АВТО-plus» ба табъ мерасад. Аз моҳи апрели соли 2008 ҳамчунин маҷаллаи «VIPzone» низ нашр шуда истодааст.
ОИ «Азия-Плюс» дар пойтахт ва минтақаҳои ҷумҳурӣ (Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ, Рашт) шабакаҳои мухбирони худро таъсис дод ва ба яке аз сарчашмаҳои мӯътамади иттилооти фаврӣ табдил ёфт. Беҳуда нест, ки солҳои ахир дар расонаҳои хабарии ҷаҳон ба ОИ «Азия-Плюс» чун манбаи иттилооти маҳаллӣ оид ба ҶТ бештар ишора мекунанд. Шиори мо - ВОҚЕИЯТ, ЗУДРАСӢ, МУСТАҚИЛИЯТ аст.
Имрӯз Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Тоҷикистон, вазорату муассисоти ҷумҳурӣ, бонкҳо, сохторҳои бузурги тиҷоратӣ истифодабарандагони хидматгузориҳои оҷонсӣ мебошанд. Аз хабарномаи оҷонсӣ бо забони англисӣ дафтари кории САҲА (Вена), сохторҳои махсуси СММ (UNHCR, UNICEF, UNDP, UNWFP, UNODCCP), Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ, Бунёди Оғохон, бунёди маълумоти компютерии машҳури ҷаҳон «Dow Jones», Корпоратсияи радиову телевизиони ВВС (Лондон), радиои «Озодӣ» (Прага), дафтари кории Бонки рушди Осиё (Манила) ва чанде дигар созмону ташкилотҳои маъруфи дунё истифода мекунанд. Маводҳои иттилооти оҷонсӣ ҳамчунин дар сомонаи
www
.
news
.
tj
низ ба нашр мерасанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста