Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Сарфи назар аз бӯҳрони молиявӣ, кормандони хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳаҷми зарурии боҷи давлатиро дар соли 2009 таъмин карданианд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ муовини аввали сардори хадамоти гумруки кишвар Неъматбой Раҳматов изҳор дошт, ки ҳаҷми ҷамъоварии маблағи боҷи давлатӣ барои соли 2009 ба миқдори 2 млрд. сомонӣ муқаррар гардида буд, вале дар ҷаласаи ахири ҳукумати кишвар сарвари давлат хадамотро вазифадор кард, ки ҳаҷми он боз 100 млн. сомонии дигар афзуда шавад.
Ба гуфтаи Н.Раҳматов, соли 2008 кормандони хадамот ба буҷаи кишвар 1 млрд. 629 млн. сомонӣ маблағ ворид сохтанд, ки нисбат ба ҳаҷми пешбинишуда 366 млн. сомонӣ зиёдтар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста