Душанбе. 21-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Котиботи Шӯрои Машваратӣ оид ба беҳбуди фазои сармоягузории назди президенти Тоҷикистон ба соҳибкорони ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, аз онҳо пешниҳоди тавсияҳо оид ба беҳбуди шароиту шаклҳои тиҷорат, такмили заминаи ҳуқуқии танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва ворид сохтани он ба барномаи «200 рӯзи ислоҳот»-ро дархост кард.
Тавре роҳбари Котибот Шералӣ Зардов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барномаи «200 рӯзи ислоҳот» аз амалисозии ба самти мусбат тағйир додани нишондодҳои фаъолияти соҳибкорӣ иборат буда, ҳадаф аз он таҳияи маҷмӯи асноди қонунгузорӣ ва соддакунии тартибу қоидаҳои маъмурӣ баҳри беҳбуди ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар аст.
«Котибот ният дорад, тавсияҳоро ба низом дароварда, онро ҷиҳати баррасӣ ба гурӯҳи кории байниидоравӣ, ки бо мақсади таҳияи барномаи зикршуда таъсис дода мешавад, пешниҳод намояд», - афзуд Ш.Зардов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста