Кӯлоб. 22-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Тайи соли 2008 аз сӯи шӯъбаҳои ҳамаи бонкҳои кишвар дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон пулҳои кӯҳнаву фартут ба маблағи умумии 5 миллиону 478 ҳазор сомонӣ аз муомилот бароварда шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи Бонки Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб - Абдукарим Неъматов хабар дод, наздики 1 миллиону 800 ҳазор сомонии пулҳои кӯҳнашуда дар шӯъбаи Бонки Миллӣ, 1 миллион 677 ҳазор сомониаш дар шӯъбаи «Агроинвестбонк» ва наздики 1 миллиону 200 ҳазораш дар шӯъбаи «Амонатбонк» ба пулҳои нав иваз карда шуданд.
Ба гуфтаи Неъматов, аз ҷараён хориҷ ва иваз кардани пулҳои коғазии кӯҳна ба нав ба қурби сомонӣ ҳеҷ таъсире намерасонад, зеро аз 30-юми октябри соли 2000-ум, яъне рӯзи ба муомилот бароварда шудани пули миллии сомонӣ дар Тоҷикистон, феълан танҳо аз се як қисми маҷмӯи пулҳои чопшуда мавриди истифода қарор доранду халос.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста