Душанбе. 2-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов изҳор дошт, ки вазорат ба хоҷагиҳое, ки ҳосилнокии пахта дар онҳо аз 25 дарсад зиёд нест, кишти пунбадонаро тавсия намедиҳад.
Аз нигоҳи ӯ, бо чунин ҳосилнокии паст хоҷагиҳо худкифо нахоҳанд буд ва вазорат онҳоро маҷбур нахоҳад сохт, ки пунбадона кишт кунанд, баръакс, барои гузаштани онҳо ба кишти зироати навъи дигар мусоидат мекунад.
Дар мавриди механизми нави маблағгузории хоҷагиҳои пахтакор Қ.Қосимов чунин ибрози андеша намуд, ки аз 140 млн. сомонии қарзҳои бонкҳо то имрӯз 33 млн. сомонии он баргардонида шудааст ва 2 млн. сомонӣ аз фоизи ин қарзҳои низ пардохта шудааст. «Аммо хоҷагиҳоро зарур аст, қарзҳоро зудтар пардохт намоянд, то имкон дошта бошанд, ки баҳорон дубора қарз гиранд», - гуфт ӯ.
Вазири кишоварзӣ зикр кард, ки соли ҷорӣ ҳукумат барои дастгирии бахши пахтакорӣ ҷудо кардани 180 млн. сомониро пешбинӣ кардааст. Нақшаи пешакии ҷамъоварии ҳосили пунбадона низ зиёд гардида, соли 2009 ҳаҷми он бояд 580 ҳазор тоннаро ташкил диҳад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ майдони кишти пахта дар кишвар ба андозаи 28 ҳазор гектар кам карда шуда, он 202 ҳазор гектарро ташкил хоҳад дод.
Қ.Қосимов мутмаин аст, ки сарфи назар аз кам кардани майдони кишт, бо баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини саривақтии хоҷагиҳо бо нуриҳои минералӣ метавон ҳосили дилхоҳ ба даст овард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста